Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби рақами 5 дар шаҳри Хоруғ

29.09.2021 11:20, шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи мактаби рақами 5 дар шаҳри Хоруғ  29.09.2021

29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бо харҷи 9 миллиону 862 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 омӯзгоронро бо истифода аз имкони замонавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим вазифадор намуданд.

Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва 22 синфхонаи барҳаво иборат мебошад. Шароит барои омӯзиш мутобиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиё, физика ва биология илмҳои дақиқро аз худ намоянд.

Дар синфхонаи компютерӣ хонандагон технологияи муосирро аз бар мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар сурати истифодаи мақсаднок аз имкони фароҳамшуда хонандагон метавонанд дар самти ихтироъкорӣ ва тавсеа бахшидани навовариҳои илмӣ дастовардҳои худро афзун гардонанд.

Ин тадбир дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои пешрафти тафаккури техникии хонандагон, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастраси пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтирокорӣ ва навоварӣ мусоидат мекунад.

Муҳассилин метавонанд дӯзандагӣ, хӯрокпазӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ ва дигар ҳунарҳоро дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки барои духтарон ва писарон дар алоҳидагӣ ташкил карда шудааст, аз худ намоянд.

Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ имкон фароҳам овард, ки дар шаҳри Хоруғ тавассути бунёду навсозии муассисаҳои миёнаю олии таълимӣ шароити замонавӣ барои омӯзиш фароҳам оварда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълимро барои хонандагон дар мамлакат аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520