Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз ҷараёни сафар ба шаҳри Шарм—уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб

16.07.2009 18:00, Миср

Аз 13 – ум то 17 – уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва доир намудани вохӯриҳои муҳими дуҷониба дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дошт.

Хотиррасон бояд кард, ки Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ баъд аз Созмони Милали Муттаҳид дувумин созмони калонтарини ҷаҳон аст ва Тоҷикистон дар он ба ҳайси давлати нозир шомил мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши бузург суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи иштирокдорони онро ба ҳаллу фасли мушкилоти мубрами ҷаҳонию минтакавӣ ва ҳамкории наздик баҳри кохиш додани пайомадҳои шадиди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда ҷалб намуд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои бонуфуз мулоқотҳои муҳим анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Туркия дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Абдулло Гул аз натиҷаҳои сафари чанде пеш ба Тоҷикистон анҷомдодааш изҳори хушнудӣ намуда, бо боварӣ таъкид дошт, ки он барои рушду густариши ?амкори?ои судманди ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ мебахшад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои миёни соҳибкорону тоҷирон низ хеле густариш меёбанд.

Иштироки Туркия дар сохтмони нерӯгоҳхои хурду миёнаи обии Тоҷикистон аз самтҳои асосӣ ва ояндадори ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид, аз ҷумла барои тавсиаи ҳамкории гуногунҷанба дар дигар соҳаҳои иқтисодиёт.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Яман ва сафари расмии ҷавобии Президенти Яман ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат ҳавасмандии устувори худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ба сатҳи муносиб баровардани робитаҳои дуҷониба таъкид намуданд.

Зимни сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Сербия Борис Тадич масоили ташкил ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Борис Тадич таъкид дошт, ки ба роҳ мондану густариш додани муносибатҳои судманд бо Тоҷикистон ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Сербия аст.

Эмомалӣ Раҳмон Борис Тадичро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар вохурӣ бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Таъмини раванди муколамаи муназзами сиёсӣ ва густариши робитаҳои муфид дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, фарҳанг ва ғайра ба нафъи ҳарду кишвар арзёбӣ гардида, эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода кардани санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба ва барои дар сатҳи олӣ ба имзо расондани онҳо бо шумули вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти дигар вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд бо Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ анҷом дода, масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуд, аз чумла масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистонро, ки моҳи сентябри соли равон бояд ҷараён бигирад.

Манмоҳан Сингҳ изҳор дошт, ки «Ҳиндустон омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад».
Густариши робитаҳои фарҳангӣ низ бо манзури умумиятҳои зиёди бостонии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар сурат гирифт, аз ҷумла доир ба мубориза бо зуҳуроти терроризму экстремизм.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва Покистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфтугӯ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом бидиҳад. Сарвазири Ҳиндустон даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии Арабистони Саудӣ оид ба корҳои хориҷӣ доктор Низор Маданӣ масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Арабистони Саудӣ барои дастгирии иқдоми Тоҷикистон оид ба гузарондани Иҷлоси навбатии (соли 2010) вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.

Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Дабири кулли Анҷумани Кишварҳои Араб Амр Мусо мулоқот намуда, оид ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи минтақавӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дод.

Зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии мусулмонӣ зоҳир карда шуд.

Дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Сингапур Ҷорҷ Ео Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳарду кишвар судмандро баррасӣ намуд.

Таъкид гардид, ки эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа бояд аз иқдомҳои аввал дар эъмори муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои пайвастаи ду давлат бошад.

Барои ба имзо расондани як зумра санадҳои заминавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва доир ба туризм ташкили музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Сингапур дар сатҳи олӣ зарур шумурда шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Зимни сӯҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Индонезия Ҳасан Вираҷуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари давлатии худро ба ин кишвар, ки моҳи октябри соли 2003 ҷараён гирифта буд ва дар заминаи он густариш додани муносибатҳои судбахшро баррасӣ намуд.

Баҳри такон додани ҳамкориҳо ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.

Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳо оид ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва созандагию бунёдкорӣ дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Таиланд Кесит Пиромя масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Таиланд, ки моҳи августи соли 2005 сурат гирифта буд ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.

Кесит Пиромя ба мавқеи муҳими ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши барҷастаи таъриху фарҳанги миллии тоҷикон баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Таиландро ба густариши ҳамкориҳо бо кишвари мо таъкид намуд.

Бегоҳи рӯзи 15 – уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш Шайх дар маросими муаррифӣ ва тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Миср ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудааст, иштирок намуда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри он саҳм гузоштаанд, изҳори сипос кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари дӯсти Миср бо забони арабӣ чоп шудани ин китобро «падидаи муҳими робитаҳои муосири илмиву фарҳангии ду кишварва кори шоистаи таҳсин» арзёбӣ намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт, ки «омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст ва мо бояд аз гузашта сабақ гирифта, дурнамои ояндаамонро муайян созем».

Ӯ ҳамчунин таъкид бар он дошт, ки «асари мазкур танҳо ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон ва саҳми беназири онҳо дар ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад, балки дар он ҳамчунин таърихи мардумони ҳамзабони мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таърихии Хуросони бузург ва Миср дар бунёдгузорӣ, ташаккул ва рушди тамаддуни бузурги исломӣ баҳои баланд дода, доираҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Мисрро ба густариши ҳамкориҳои судманд даъват намуд.

Намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мисри Араб, аз ҷумла Раиси вилояти Синойи ҷанубии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳонӣ Мутаваллӣ низ дар суханронии худ ба аҳамияти таърихӣ ва илмию фарҳангии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» баҳои баланд дода, ба забони арабӣ тарҷума ва дастраси хонандагони арабзабон гаштани онро кори пурарзиш дар роҳи шиносоии шоистаи тамаддуни тоҷикон маънидод карданд.

Ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» мавриди таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мисри Араб ва дигар кишварҳои арабӣ қарор гирифт.

Аз ин хотир бо хоҳиши намояндагони васоити ахбори умум Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мухбири махсуси рӯзномаи бонуфузи аш - Шарқ – ул – Авсат Муно Мадкур ва як қатор хабарнигорони дигар мусоҳибаи матбуотӣ ороста, оид ба мазмун ва мундариҷаи ин китоб, ки се ҷилдаш аллакай бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва имрӯз бо забони арабӣ ҳам ба нашр расидааст, маълумот дод.

Таъкид гардид, ки ҷилди чаҳоруми китоб низ имрӯзҳо ба нашр омода мешавад.

Чунонки зикр гардид, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» сарнавишти мухтсари миллати бостонию фарҳангофари тоҷик ва нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар олами ислом ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаро гирифта, дорои аҳамияти илмию таърихӣ аст ва барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзномаи аш - Шарқ – ул – Авсат аз муътабартарин рӯзномаҳои арабӣ буда, дар шаҳри Лондон бо теъдоди миллионҳо нусха чоп мешавад ва дар тамоми кишварҳои арабӣ паҳн мегардад.

Субҳи рӯзи 17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникии шаҳри Шарм – уш – Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ба нишони таҳкиму тавсиаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду мардуми бостонию соҳибфарҳанг якчанд навниҳоли дар Тоҷикистон парваришёфтаро шинонд.

Дар ин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистонро Раиси вилояти Синойи ҷанубии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳонӣ Мутаваллӣ ва Раиси шаҳри Шарм – уш – Шайх Аҳмад Солеҳ ҳамроҳӣ намуданд.

Як зумра навниҳоли дарахтони мисрӣ барои шинондан дар Тоҷикистон ба ҳайати кишвари мо тақдим карда шуд.

Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони вилояти Синои чанубию шаҳри Шарм – уш – Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ба ташкил ва густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар пойгаҳ барои гирифтани ҷоизаи Президенти Федератсияи Русия ба шаҳри Маскав сафар кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520