Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Рашт

22.09.2021 09:30, ноҳияи Рашт
Ифтитоҳи манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Рашт  22.09.2021

Дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуд.

Иншооти нав дорои шароити муосир барои зиндагӣ буда, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.

Нафароне, ки соҳиби хона шуданд, бо фараҳу хушҳолӣ ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст. 

Зимни шиносои бо шароити манзилҳои истиқоматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар як фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд.    

Дар асоси лоиҳа истиқоматкунандагон метавонанд аз шароити мусоид дар саҳни бино барои гашту гузор ва фароғат баҳравар шаванд.

Тибқи лоиҳа ва бо назардошти сохти меъмории замонавӣ корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонида шуд.

Соҳиби манзили истиқоматӣ шудани хизматчиёни давлатӣ ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520