Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими гузоштани санги аввал ба пойдевори бинои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

29.07.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Ҷалолатмаоб,
Дӯстони арҷманд,

Воқеан, ҳамоиши имрӯза рӯйдоди назаррас дар таърихи навини сиёсии муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамҷавор, дӯст, ҳамзабон, ҳамдину ҳамкеш мебошад. Ба пойдевори бинои наву ояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе санги аввал гузошта мешавад.

Дар тӯли 17 соли охир мо, чун давлатҳои соҳибистиқлол, ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои таърихии дӯстӣ, ҳамёрӣ ва ҳамсоягии нек такя намуда, муносибатҳои байнидавлатии худро дар асоси нав ба роҳ мондаем. Ва ин раванд мунтазам густариш ёфта, зинаҳои нав ба навро фатҳ менамояд.

Мусаллам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро ҳар чӣ бештар водор месозанд, ки ҳамкории воқеан судманду фарохро дар асоси дуҷониба ва сеҷониба рушду густариш бахшем. Ин, аз ҷумла, имкон медиҳад, ки нақши геополитикӣ ва транзитию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ҷиддан боло бардошта шавад.

Тоҷикистон ва Афғонистон дар қалби қитъаи бузурги Осиё ҷой гирифта, чорроҳии пайванди минтақаҳои бузурги дунё мебошанд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо муассисоти бузург ва сатҳи муосири инфрасохторӣ, қабл аз ҳама, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо (туннелҳо) созем.

Нақши роҳҳои бузурги байниминтақавӣ ва байналмилалӣ дар шароити хоси оғози асри XXI, ки равобити ҳамаҷонибаи минтақаҳои бузурги дунё амиқан густариш меёбад, босуръат боло меравад.

Ин амр барои кишварҳои мо имкони бузург ва матлуби таърихӣ фароҳам намудааст.

Тавре Шумо огоҳед, мо дар кишвари худ навсозии тамоми роҳҳои миллӣ ва дорои аҳамияти байналмилалиро муваффақона идома медиҳем. Василаҳои дигари инфрасохторӣ сохта мешаванд.

Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи Дӯстӣ кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид. Зиёда аз ин, ҳамроҳ бо пулҳои дигари марзи ду кишвар омили рушди босуръати ду кишвар гардида истодааст.

Аллакай имрӯз ҳарду кишвар молҳои зарурии худро хеле осон ва бо масрафи ниҳоят кам дастрас менамоянд. Ин амр бахусус барои минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Фаротар аз он Пули Дӯстӣ пайвандгари арзишманди кишварҳои мо бо минтақаи бузурги таърихии Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои дигари бузурги ҷаҳон – Осиёи Шарқӣ, Шимоли Осиё, Осиёи Ғарбӣ – гардид.

Тавассути ин ва дигар пулҳо ва шоҳроҳҳои навини мо кишвари Афғонистон ба бозорҳо ва захираҳои азими Осиёи Миёна, Чин, Россия ва ҳатто Аврупо дастрасӣ пайдо намуда истодааст ва сатҳи нави ҳамкориҳои судмандро таъмин карда метавонад.

Ҳамкории ниҳодҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ густариш меёбанд.

Дар ин ҷодаҳо саҳми сафорату дипломатҳо хеле назаррас буда, рӯз то рӯз ҳаҷму шиддати кори касбиашон зиёд мегардад.

Аз ин ҷост, ки мо барои сохтмони бинои ояндаи сафорати Афғонистон макони хубу муносиб интихоб карда, хоҳони бунёди иморати муосир ва зебою бошукӯҳи намояндагии дипломатии кишвари дӯсту бародар ҳастем. Умедворам, ки ин сохтмон бо сифати баланд дар муддати нисбатан кӯтоҳ анҷом мегирад.

Ба кормандони Сафорат, ки василаи дипломатии пайванди ду давлати дӯст ва ду мардуми бародар мебошанд, комёбиҳо ва ба ҳамаи ҳозирин саломатии бардавом, саодати зиндагӣ ва хушрӯзиҳо орзумандам.

Ташаккур.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520