Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

30.08.2021 12:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат, ки ба 5 сентябри соли равон рост меояд, мубодилаи табрикот анҷом доданд.

Дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Афғонистонро муҳокима карданд.

Сарони ду давлат ҳамчунин, рафти омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СААД-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намуданд.

Дар ин зимн аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.

Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520