Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

28.08.2021 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,   

Хабари таркишҳои фоҷеабор дар қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон боиси андӯҳи мо гардид.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки  ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро ба наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеаи фавқулодда бирасонед. Барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520