Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани хонаи истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио

01.09.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ солҳои охир дар кишварамон сохтмону бунёди иншооти дорои таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ густариш ёфта, дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо оғоз гардидани сохтмон ё мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Имрӯзҳо, ки мо дар остонаи таҷлили иди бузурги миллиамон, яъне ҷашни 18-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз қарор дорем, ба истифода дода шудани нақби Шар-Шар, ки чанд рӯз пеш сурат гирифта, нақби «Озодӣ» номгузорӣ шуд, инчунин садҳо иншооти хурду бузурги дигар, аз ҷумла бинои истиқоматие, ки мо ҳоло ба муносибати ифтитоҳи он ҷамъ омадаем, самараи ҳамин иқдомоти созандагӣ ва дар айни замон, армуғони арзандаи идона мебошанд.

Аз фурсати муносиб, яъне ширкати кормандону намояндагони радиову телевизион ва санъати мусиқӣ истифода бурда, ҳамаи шумо ва дар симои шумо аҳли фарҳанг ва матбуоти кишварро ба ифтихори ҷашни истиқлолият, ки дастоварди воқеан бузурги таърихӣ ва неъмати бебаҳои миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги мо мебошад, табрику таҳният мегӯям.

Ҳамзамон бо ин, мехоҳам ба коргарону сохтмончиён ва ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин бинои истиқоматӣ заҳмат кашида, барои дар мӯҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани он саҳми муносиб гузоштаанд, арзи сипос намуда, ба ходимони Кумитаи телевизион ва радио, ки ҳоло соҳиби хона шуданд, манзили нави зистро муборакбод гӯям.

Тавре ки шумо медонед, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи телевизион ва радио, беҳбудии шароити кориву зиндагии кормандони он таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ҳамин аст, ки дар давоми се-чор соли охир дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо се шабакаи нави телевизионӣ, ду шабакаи радиои давлатӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар мутахассисон соҳиби ҷои кор гаштанд.

Дар ин давра ба хотири риояи озодии сухан ва матбуот, инчунин татбиқи принсипи гуногунандешӣ як қатор муассисаҳои ғайридавлатии радиову телевизион низ ба фаъолият шурӯъ намуданд ва фазои иттилоотии кишварро бо барномаҳои худ фаро гирифтанд. Дар айни ҳол дар мамлакат теъдоди радиову телевизиони давлатӣ 16 адад ва ғайридавлатӣ 28 ададро ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи тадриҷан густариш ёфтани воситаҳои электронии ахбори умум мебошад.

Бояд гуфт, ки мо бо мақсади таъмини ниёзҳои иттилоотӣ ва фарҳангии мардуми кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари таъсиси шабакаҳои нави телевизиону радио ва гурӯҳу дастаҳои ҳунарӣ ба бозёфти истеъдодҳои нав, тарбияи мутахассисони соҳа, ҳунармандони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои онҳо низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем.

Дар доираи пешбурди сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии кормандони соҳаи телевизион ва радио, инчунин аҳли санъату ҳунар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки бунёд ёфтани бинои имрӯзаи истиқоматӣ далели равшани он мебошад.

Имрӯз баробари ба истифода додани ин бино беш аз 70 оилаи на танҳо кормандони радио ва телевизион, балки шахсони соҳибистеъдод ва мутахассисони бомаҳорате соҳиби манзили зист мегарданд, ки дар оянда барои рушди фарҳанг ва матбуоти кишвар содиқона хизмат хоҳанд кард.
Бояд зикр кард, ки ин бинои истиқоматӣ бо иқдоми Кумитаи телевизион ва радио маҳз бо ҳамин мақсад бунёд карда шуд ва барои сохтмони он беш аз 7 миллион сомонӣ сарф гардид.

Бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳли радиову телевизион ва санъат сохтмони манзилҳои зист минбаъд низ идома дода мешавад ва мо ҳоло дар ҳузури шумо хишти аввали бинои дуюми истиқоматиро гузоштем. Барои дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта, ба истифода додани он ба бинокорон барори кор мехоҳам.

Дар охир мехостам, бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи истиқлолият табрик гуфта, бароятон рӯзгори пурсаодат ва дар роҳи хизмати содиқона ба манфиати давлату миллати соҳибистиқлоламон, инчунин рушди фарҳангу ҳунари миллӣ дастовардҳои тоза орзу менамоям.

Саломату хушбахт бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520