Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон"-и шаҳри Турсунзода

26.08.2021 11:40, шаҳри Турсунзода
Боздид аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон"-и шаҳри Турсунзода  26.08.2021

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад.

Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнии сиёҳ ва сафед”, “ғалаба”, “шоҳона”, “пешпазак”, “кишмиши сиёҳу сафед” «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва апгурпарварӣ доранд. Роҳбарии хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон"-ро Маҳмадамин Камолов - писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон ҳоҷӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Дар хоҷагӣ 1100 нафар саҳмдор фаъолияти босамар дошта, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо доранд. Соли ҷорӣ ҳосил дар токзор фаровон буда, то имрӯз беш аз 900 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида, ки дорои сифати баланд ва тамъи лазиз аст, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содирот карда мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карданд ва имсол низ нақша доранд, ки наздики 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд. Дар намоиш навъҳои гуногуни ангур, ки солҳо охир бештар парвариш ва истеҳсол мегарданд, муаррифӣ гардид. Ҳамчунин аҳли заҳмати хоҷагӣ мураббо ва шарбату афшураҳо аз меваҷотро, ки барои захира пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки заҳматкашони шаҳри Турсунзода дар самти токпарварӣ ва истеҳсоли ангур мактаби махсус ва таҷрибаи бой доранд. Бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо ангури баландсифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дар хоҷагӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар сардхонаи мазкур зиёда аз 1000 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад. Ба ин восита хоҷагидорон метавонанд, қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавот таъмин намоянд.

Саҳмдорони хоҷагӣ қитъаи муайяни заминро дар ихтиёр дошта, бо аъзои хонавода бо истифода аз таҷрибаи бойи ангурпаварӣ машғули кор мебошанд. Дар 9 гектари хоҷагӣ боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромадҳои софи худ иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Саъдии Шеърозӣ ва Заркамари шаҳри Турсунзода сохта, дар вусъати бунёдкориҳо саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта бо дастгирии хоҷагӣ ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва қариб 3 километр роҳи ҳудуди деҳаҳои атрофи хоҷагӣ таъмир гардида, имсол низ қариб 2 километр роҳ асвалтпӯш карда шудааст.

Дар хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона шудааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ зиёда 5200 сар гусфанд парвариш карда мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калон дорад. Бояд тазаккур дод, ки шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520