Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия

06.09.2009 18:00, Хорватия

Бегоҳи рӯзи 3 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсул аз шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Хорватия - шаҳри Загреб рафт.

Барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия, ки бо даъвати Президенти он Стипе Месич сурат гирифт, субҳи рӯзи 4 - уми сентябр бо ма росими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич истиқбол гирифт.

Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Хорватия, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатхо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар, ки асосҳои нахустини он зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон гузошта шуда буд, нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ гардид.

Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Баҳри идомаи босамар ва густариши робитаҳои гуногунҷанба таъсис додан ва фаъол намудани комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Мубодилаҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат арзёбӣ гардид.

Аз рӯйи натичаҳои мулоқоту гуфтушунид ду санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминагузори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ мебошанд:

Зери Эъломияи муштарак дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Стипе Месич имзо гузоштанд.

Созишномаи дуюм ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Хорватияро дар назар дорад.

Мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии сиёсӣ бо изҳороти матбуотии сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Стипе Месич ба поён расид. Роҳбарони ҳарду давлат аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ карда, муносибатҳои Тоҷикистону Хорватияро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

Тавре сарони давлатҳо иттиллоъ доданд, ҳукуматҳои ду кишвар вазифадор шуданд, ки оид ба бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба истеҳсоли трансформаторҳо ва техникаи кишоварзӣ ва ҳамчунин дар самти ба роҳ мондани ҳамкорӣ доир ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ дар ҳудуди Тоҷикистон тадбирҳо андешанд.

Дар шаҳри Загреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Парлумон ва Сарвазири Хорватия мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Хорватия Лука Бебич масоили таҳкими заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории ду кишвар ва ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Парлумонҳои ду кишвар метавонанд ба таъмини шароити мусоиди сиёсӣ- ҳуқуқии ташвиқи сармоягузорӣ, танзими беҳтари муносибатҳои иқтисодӣ ва ба афзоиши босуръати тиҷорати дуҷониба мусоидати фаъолу созанда намоянд».

Зарурати таъсиси гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ миёни Тоҷикистону Хорватия таъкид гардид.

Баҳрабардорӣ аз имконоти Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ низ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Хорватия Ядранка Косор роҳу василаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки миёни ду кишвар имкону захираҳои ҳамкории мутақобилан судманд хеле фароханд, ба хусус бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва нақши сиёсии онҳо дар ду минтақаи муҳими қитъаи Авруосиё.

Хонум Ядранка Косор омодагӣ ва ҳавасмандии Ҳукумати Хорватияро доир ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодию сармоягузорӣ таъкид намуд, ба хусус бо назардошти барномаю лоиҳаҳои дорои аҳамияти стратегии минтақавӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия амалӣ менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ гардид.

Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шаҳри Пула, ҷазираҳои Бриёнии Калон ва Вангаи ин давлат, ки минтақаи таърихию фарҳангӣ ва туристию фароғатӣ ба шумор мераванд, дидан карда, таҷрибаи бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷиро дар ин ҷо мавриди омӯзиш қарор дод.

Қобили таъкид аст, ки зимни боздид аз ин мавзеъҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба нишони эҳтирому самимияти хоса шахсан Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич ҳамроҳӣ намуд.

Бояд хотиррасон кард, ки ин ҷазираҳо аз охири солҳои 40 –ум то соли 80-и асри гузашта қароргоҳҳои махсуси роҳбари онвақтаи давлати Югославия Иосип Броз Тито будаанд ва дар ин ҷо ӯ танҳо меҳмонони воломақому соҳибнуфуз ва шахсан интихобнамудаашро қабул мекардааст.

Чунонки маълум шуд, қароргоҳҳои собиқи маршал Тито ҳоло ба Ҳукумати Хорватия мансубанд, вале имрӯз ҳам ба ин ҷо танҳо меҳмонони хоса ва хеле кам даъват карда мешаванд.

Ба ҷазираҳои Бриёнии Калон ва хосатан Ванга даъват намудан ва шахсан ҳамроҳӣ кардан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич албатта бозгӯ аз таваҷҷӯҳи зиёд ва эҳтироми баланди ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо ҳамин барномаи сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Хорватия, ки зимни он барои таҳким ва густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ миёни ду кишвар асоси воқеӣ гузошта шуд, ба поён расид.

Рӯзи 6 – уми сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Хорватия ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520