Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифодадиҳии маркази тиббии Абуалӣ Ибни Сино

06.09.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии имрӯз баъд аз анҷоми сафари пурмаҳсул аз давлати Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абуалӣ Ибни Сино воқеъ дар кӯчаи Фоттеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ин маркази хусусии тиббӣ, ки тавассути сармояи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бунёд ёфтааст, асос гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш сипас аз утоқу озмоишгоҳҳои ин бемористони муосир боздид ба амал оварданд.

Бояд гуфт, ки ин беморхона аз ҷониби ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Дили солим" бунёд ёфта, барои бунёди он 35 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Он дар бинои 9-ошёна ҷойгир буда, дар 7-қабати он 105 кат ҷойгир шуда, муосиртарин шароитҳои муолиҷаву ташхис дар он насб гардидааст. Бемористон дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, гурда, озмоишгоҳи муҷҷаҳаз бо дастгоҳу васоили пешрафтаи ҷаҳонӣ, дармонгоҳ бо дастгоҳҳои навтарини ангиографӣ ва сангшикан мебошад. Лозим ба таъкиди хос аст, ки бемористони Абӯали ибни Сино дар Осиёӣ Марказӣ назир надошта, барои фаъолият дар он ҷарроҳони машҳур аз давлатҳои Эрон ва Олмон ҷалб гардиданд, ки онҳо ҳама гуна ҷарроҳии вобаста ба дилро метавонанд дар мамлакат анҷом диҳанд.

Ин амр бешубҳа имкон медиҳад, ки шаҳрвандони гирифтори бемориҳои дил бо масрафоти миёншикан барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар нарафта дар ватани худ ба таври матлуб ва замонавӣ дармон шаванд.

Ҳамзамон ин марказ ташхису табобати ниёзмандонро аз давлатҳои ҳамсоя дар назар дорад. Ба андешаи таҳлилгарон бо мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абӯалӣ ибни Сино заминаҳои рушди тиббӣ хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад. Муассисони ин маркази тиббӣ мегӯянд, ки нархи дармон дар бемористон қобили рақобат буда, илова ба он барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 дар сад арзиши табобат арзонтар ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин муассиса бештар аз 250 нафар мутахассисон фаъолият хоҳанд намуд, ки 70-фоизи онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳад дод. Баъд аз боздиди уттоқу ҳуҷраҳои ташхису табобат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон изҳори минатдорӣ намуда, ин ташаббусро намунаи ибрат хонд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони соҳаи тандурустии мамлакат суханронӣ намуда, аз дастовардҳои имрӯзаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рушди мунтазами тибби хусусӣ дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520