Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.01.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Рўзҳои 17 – 18 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010 ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳо барои соли равон кори худро оғоз намуд.

Дар маҷлиси васеъ аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бонкҳо, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҷлис роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли гузашта ва нақшаҳои минбаъдаашон ҳисобот доданд.

Дар оғози маҷлис доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2010 ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух ҳамралиев ва Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2010 ба 24,7 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2009 ба 6,5% баробар шуд. ҳаҷми таваррум бошад 9,8% -ро ташкил дод. Дар давоми сол ба Буҷети давлатӣ 6,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст. Айни ҳол дар кишвар 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ мегарданд. Аз ин маблағ 6,3 миллиардаш аз худ карда шудааст.

Дар соли сипаригашта, ҳаҷми савдои хориҷӣ 18% афзудааст, вале нишондодҳои воридот ҳамоно аз содирот бештар аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани тафовути манфии савдои хориҷӣ чораҳо андешанд, то ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва анвои он афзун гардад.

Доир ба масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳамчунин Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, Сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, Раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ҳисобот доданд.

Доир ба мубориза бо ҷинояткорию қонуншиканӣ ва ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятию ҳуқуқӣ ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов ва роҳбарони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд.
Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, аз ҷумла аз шумораи куштор ва худкушӣ, хариду фурўши ғайриқонунии замин, хусусан дар ноҳияҳои Рўдакӣ, ҳисор, Бохтар ва Бобоҷон Ғафуров ва сўйиистифода аз вазифа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд.

Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла зикр гардид, ки зимни 1206 санҷишу тафтиши молиявии дар давоми сол гузарондашуда 110,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки бештари он бо роҳи изофанависӣ ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва напардохтани андоз тасарруф гардидааст. Аз ин маблағ 76,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ баргардонда шуд. ҳаҷми маблағи барқароршуда нисбат ба соли 2009 2 баробар зиёд аст.

Дар ҳисоботҳои дигар аз ҷумла аз гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳаракату гурўҳҳои даҳшатафкану ифротгаро ва ба доми фиреби доираҳои ҷиноятпеша афтодани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 924 нафар ба ватан баргаштанд. Бо таассуф зикр гардид, ки қисми зиёди онҳое, ки барои таҳсил ба хориҷа фиристода шудаанд, забони модарии худро хуб намедонанд ва аз одобу ахлоқи миллии хеш дур мондаанд.

Нимаи дуюми рўз дар маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони дигар вазорату идораҳо шунида шуда, дар назди онҳо доир ба беҳсозии минбаъди вазъи соҳаҳои зери масъулияташон ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар рўзи дуюми маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуд.

Зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла зикр гардид, ки буҷети вилоят дар соли 2010 дар ҳаҷми 115,9% иҷро шуда, сифати хуби он низ таъмин карда шуд. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар зарфи як сол дар майдони 63,5 га боғҳои нав бунёд ёфта, 30 га боғҳои кўҳна ва 139,5 га ҷангалзор барқарор гардидааст.

Бо арзи сипос ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо ҷудо гаштани 80 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохтмони 100 иншооти бузурги иҷтимоию фарҳангӣ оғоз ёфт ва бунёди 57 тои он пурра ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла 13 мактаби нав бунёд ёфта, 10 мактаби дигар тармиму навсозӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба вусъат додани бунёди нерўгоҳҳои хурди барқӣ, коргоҳҳои саноатӣ, азхуднамоии заминҳои нави корам ва ҷудо намудани замин ба аҳолии ниёзманд барои сохтмони манзили истиқоматӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 6,5 миллиард сомонӣ ва афзоиши он ба 6,6% расид. Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 104,9% иҷро шуда, нисбат ба соли 2009 58 миллион сомонӣ бештар маблағ ворид шудааст. Дар соли 2010 дар вилояти Хатлон 24 корхонаи нави саноатӣ ва дар майдони 6518 га боғу токзори нав будёд ёфта, ҳамагӣ қариб 42 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштаанд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҳисобти худ зикр намуд, ки маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 5,7 миллиард ва афзоиши он ба 7,1% расид. Буҷети давлат дар ҳаҷми 107,9% иҷро шуда, 73,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд ҷамъоварӣ шудааст. Дар давоми сол дар вилояти Суғд 18 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шудааст. Дар майдони 5778 га боғу токзори нав бунёд ёфта, 1162 га боғу токзори кўҳна барқарор шуд. Дар маҷмўъ дар вилоят давоми сол 37143 ҷойи нави корӣ бунёд ёфтааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад, тибқи ҳисоботи Раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2010 ба 3 миллиарду 452 миллион сомонӣ ва афзоиши он ба 7,4% расонда шудааст. Иҷрои буҷети давлатӣ дар пойтахт дар ҳаҷми 117,4% таъмин гардида, ба он 87,7 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид шудааст. Давоми сол дар ҳудуди пойтахт 22 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромадаанд. ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ ба 81,7 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ин 28,2 миллион аз соли 2009 зиёд аст.

Зимни ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ, ғамхорӣ ба мардум, хусусан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, назорати вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, ҳамкории босамар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо унсурҳои ҷиноятпеша дар таъмини амнияту субот, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва омодагии ҷиддӣ ба ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз супоришҳои мушаххас дод.

Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва нишондодҳои рушду нумўъ ва камбудию норасоиҳои мавҷударо мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дод ва доир ба вусъат додани корҳои минбаъда ва бартарафсозии нуқсонҳои ҷойдошта дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520