Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

31.07.2021 17:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,

Хабари даргузашти бармаҳали модари меҳрубони Шумо Илда Кандида душ Рейс Оливейра Гутерриш боиси андуҳи амиқи мо гардид. 

Дар иртибот ба ин талафоти гарон ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандонатон таъзия ва ҳамдардии самимии худро изҳор намуда, матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520