Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

29.07.2021 19:00, шаҳри Душанбе

Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари ба сари Шумо омадани мусибати гарон – даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид.

Реҳлати инсони наздик ин фоҷеаи бузурге мебошад, ки дар қалби мо захмҳои ҳеҷ гоҳ шифонаёбандаро мегузорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро қабул фармоед.»

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520