Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи Душанбеи хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол

08.09.2009 18:30, ноҳияи Варзоб

Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи Душанбеи хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ва оғози сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ташриф оварда, дар маросими мавриди истифода қарор додани зеристгоҳи Душанбеи хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ширкат намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюэлян ва Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА-и ин кишвар Ҷан Син бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма зеристгоҳи Душанбеи хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро ба кор дароварданд.

Чунонки зикр гардид, имрӯз сохтмони хатти 500 киловолтаи Турсунзода – Душанбе низ анҷом ёфт ва акнун қисмати ҷанубии хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол пурра ба кор даромад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бунёдкорони зеристгоҳи Душанбе ва мардуми ҷамъомадаро бо анҷоми сохтмони ин иншооти муҳим ва бо арафаи ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба истифода супурда шудани ин зеристгоҳро нишона аз наздикшавии пурра ба кор шурӯъ кардани хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол ва бевоситаю мустақим ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии ҷануби мамлакат бо вилояти Суғд арзёбӣ намуд.

Чунонки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюэлян таъкид гардид, хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи зиёда аз 281 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи имтиёзноки Бонки содироту воридоти давлати Чин бунёд меёбад ва тибқи гуфтаҳои роҳбарияти ширкат сохтмони он то охири соли равон пурра ба поён мерасад. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд айни ҳол як лоиҳаи иловагии дигар оид ба сохтмони хатти 220 - киловолта баҳри пайвастани хатти 500 киловолта бо шабакаи барқии вилоят бо суръат ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мардуми ноҳияи Варзоб муроҷиат намуда, онҳоро ба бунёди боғҳои нав, кабудизоркунии бештари муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520