Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

24.07.2021 10:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллӣ карданд.

Пешвои миллат ба ҳамтои худ барои дастгирӣ ва ҳамдардӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯстро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд.

Дар ин замина, Пешвои миллат фаъолияти пурсамари муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид карданд. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистони бародар ва мардуми он дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии оқилонаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.

Пешвои миллат инчунин кӯшишҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳоямон такони нав бахшиданд, тазаккур доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Президентҳо оид ба як зумра  масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.  Аз ҷумла ҷараёни рушди ташвишовари вазъ дар Афғонистони ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520