Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

17.07.2012 11:40

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷалолатмаоб,

Фаро расидани 20-мин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурсати фараҳбахше бароям муяссар намудааст, то Шумо ва мардуми бародари Афғонистонро бо ин санаи муборак дар таърихи муосири муносиботи байни кишварҳоямон табрику таҳният гӯям.

Пас аз соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои сиёсии хешро барқарор намуда, ба марҳалаи ҷадиди рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманди худ ҳусни оғоз бахшиданд.

Тайи бист соли аз ин рӯйдоди хотирмон сипаришуда Тоҷикистон ва Афғонистон, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёди замон, ҳамшарикии созандаи хешро ҳадафмандона идома дода, таҳким бахшиданд.

Дар такя ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила, мо ба манзури таъмини зиндагии осоишта ва манфиатҳои олии мардумонамон муносиботи миёни кишварҳоямонро ҳамаҷониба густариш дода, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, илму маориф, фарҳангу ҳунар ба дастовардҳои бузург ноил гардидем.

Изҳори итминон менамоям, ки бар асари чунин ҳамдилӣ, пайгирии ҳамарӯза ва талошҳои муштараки тарафҳо равобити воқеан ҳасана ва мутақобилан судманди байни ду кишвари бо ҳам дӯст, ки омили муҳими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо дар минтақа мебошанд, дар оянда ҳам ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расид.

Бо ин нияти нек аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Ҷалолатмаоб сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми шарифи Афғонистон сулҳу суботи пойдор, саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520