Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Эмомалӣ Раҳмон

17.07.2012 11:40

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

Иҷоза деҳед, самимонатарин табрикоту таманиёти худро ба муносибати 20 солагии эҷоди робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Боварии комил дорам, гомҳои муштараке, ки дар заминаи таҳкиму густариши робитаҳо ва муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари дӯсту бародари дорои муштаракоти мазҳабӣ, забонӣ ва фарҳангӣ то ҳол бардошта шуда, дар оянда низ ба устувории бештар бардошта шавад.

Мардуми Афғонистон ба робитаҳои худ бо кишвари дӯст, Тоҷикистон ба дидаи қадр нигариставу хоҳони густариши он дар ҳама соҳаҳо мебошанд.

Тандурустию саломатии Ҷалолатмаоби Шумо, саъодату тарақии мардуми кишвари дӯст, Тоҷикистонро орзу дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520