Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Том Шанг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.07.2012 11:40

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Том Шанг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

Ба муносибати 20 – солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи давлат, мардуми Ветнам ва шахсан худам ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва халқи тоҷик табрикоти самимии худро ирсол менамоям.

Боиси хушҳолист, ки дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург дар корҳои эъмору рушди кишвар, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва мунтазам баланд нигоҳ доштани мавқеияти давлати хеш дар минтақа ва тамоми ҷаҳон ноил гардид.

Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ветнаму Тоҷикистон, ки дар 20 соли охир таҳким ёфтаанд, дар оянда низ дар мутобиқат бо манфиатҳои мардуми кишварҳои мо рушд меёбанд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гулгулшукуфоӣ ва ба мардуми тоҷик комёбиҳоро таманно дорам.

Ба Шумо, Ҷаноби Президент, сиҳативу саломатӣ ва комёбиҳои навинро дар мақоми олидараҷаатон орзу дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520