Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг

13.07.2012 11:40

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шумо ва мардуми сулҳдӯсти Ветнамро ба муносибати бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам табрик менамоям.

Боиси сарфарозист, ки тайи ин давраи сипаришуда бо саъю талошҳои дуҷониба муносиботи анъанавии Тоҷикистону Ветнам ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба манфиати ду кишвар ва мардумони онҳо рушд меёбад.

Мутмаинам, ки бо такя ба таҷрибаҳои мусбати гузашта, мутобиқи дастурамалҳои роҳбарикунандаи санади ҳамкориамон – Қарордод оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ аз соли 1999, мо метавонем муносибатҳои Тоҷикистону Ветнамро дар шаклҳои гуногун густариш диҳем.

Фурсати муносибро муғтаним шуморида, ба Шумо, Ҷаноби Президент, аз самими қалб сиҳатии комил, рӯзгори нек ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Ветнам – сулҳу субот ва шукуфоиро таманно менамоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520