Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи
нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт
мегардад



Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2021:
- нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;
- нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;
- нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд;
- дар муҳлати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 майи соли 2021
№186

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520