Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гусели Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

20.05.2021 16:30, шаҳри Душанбе
Гусели Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  20.05.2021

Рӯзҳои 19 - 20 май Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Токаев бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.

Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Аз руи натиҷаи сафари бобарор 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки омили муҳиму таконбахши таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар гардид.

20 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хос Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона гусел карданд.

Президенти кишвари дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо изҳори сипос аз меҳмоннавозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таассуроти нек аз ин сафари бобарор аз шаҳри Душанбе ба ватан баргаштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520