Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

13.05.2021 10:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.  

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати  фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда,  ба мардумони ду кишвар некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкории самараноки миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо инчунин баъзе ҷанбаҳои масъалаҳои байнлмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520