Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

05.10.2007 19:00, шаҳри Душанбе

Аз роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ нахустин шуда, ба Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ташриф овард.

Дар бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари давлати Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гашт, ки дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

Сарони давлатҳо аз натиҷаҳои сафарҳои расмии худ ба кишварҳои ҳамдигар, ки ҳамин сол ҷараён доштанд, изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба татбиқи амалии санадҳои баимзорасида мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки заминаи сиёсию ҳуқуқии зимни ин сафарҳо муҳайёгашта барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба самараи дилхоҳ меорад. Дар сурати хуб кор кардани санадҳо робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ рушд ёфта, ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба маротиб боло меравад, зикр гардид дар сӯҳбат.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои ИДМ ва доир ба масъалаҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520