Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси вилояти Суғд

05.05.2021 11:21, шаҳри Душанбе

5 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи Раиси вилояти Суғдро дар бораи вазъи кунунии тадбирҳои барқарорсозӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, шуниданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуда истодаанд.

Сарвари давлат ба Раиси вилояти Суғд дастур доданд, ки мунтазам аз аҳволи оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.

Ҳамзамон супориш доданд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздикони худро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии Сарвари давлатро зери назорати қатъӣ гирифта, аз натиҷаҳояш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайянгардида ҳисоботи муфассал ирсол намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520