Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

09.07.2012 15:40

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Мӯҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳузнангези обхезии фоҷиавиро дар Кубан, ки боиси талафоти ҳазорҳо ҷони одамӣ ва хароботи бузург шуд, бо андӯҳи гарон дарёфтам.

Мо дар Тоҷикистон ба андӯҳи халқи дӯсту бародари Русия бо сабаби ҳалокати одамон ва оқибати харобиовари офати табиӣ шарик ҳастем.

Мӯҳтарам Владимир Владимирович, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан худамро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ва орзуи зудтар шифоёбиро ба зарардидагон бирасонед.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520