Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.04.2021 13:20, шаҳри Исфара
Ифтитоҳи Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   09.04.2021

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух бинои нави Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворухро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав аз се ошёнаи дорои қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои зист, иборат мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар давоми се сол бо ҷалби қариб 100 нафар бинокори маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворух ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, нуқтаи тиббӣ, ошхона, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад.  

Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти замонавӣ кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар пойдории сулҳу субот даъват намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520