Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

07.04.2021 11:13, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  07.04.2021

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Масоҳати умумии Майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази деҳот сохта шудааст, 6345 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ин маҳал зебогии дигар зам мекунад.

Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар Майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардида, фаввораҳо сохта шудааст.  

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.  

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Унҷӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520