Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу

29.03.2021 17:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу   29.03.2021

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби  Осиё - Раванди  Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин зимн, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гардид.

Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.

Робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемия ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ зарур шумурда шуд.  

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, табодули андеша карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчунин дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, муҳокима карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520