Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.09.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумат, ки таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид.

Аз ҷумла Озода Раҳмонова ба вазифаи Муовини вазири корҳои хориҷӣ, Юсуф Султонноёбов Муовини Вазири кишоварзӣ, Мавсума Муинова Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Зуҳро Окимбекова Муовини Директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, Акбар Фаёзов Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет ва Лутфулло Давлатов Директори телевизиони Сафина таъин гардиданд.

Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мутобиқи он барои соли оянда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 24,5 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 6 миллиарду 537 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид таъкид намуд, ки болоравии ҳаҷми истеҳсолот на камтар аз 5% ва таварруми пули миллӣ на бештар аз 7% таъмин карда шавад.

Зикр гардид, ки сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбат ба соли равон ба андозаи 27% ё худ 659 миллион сомонӣ афзун мешавад. Хароҷоти умумии буҷет бошад, нисбат ба соли равон 748,5 миллион сомонӣ бештар ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи буҷет ба маблағгузории сохтмони иншооти стратегии соҳаҳои энергетика ва нақлиёт низ афзалият дода мешавад.

Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин якчанд санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд, аз ҷумла Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025, Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои комуналӣ, Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ ва Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ.

Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба тағйир додани номи шаҳраки Олтинтопкани шаҳри Қайроқум ба шаҳраки Зарнисор дастгирӣ ёфта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Лоиҳаҳои якчанд қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра санадҳои қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба Кодекси гражданӣ, қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ёднокгардонии намак», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ва «Дар бораи ҳифзи табиат» пешниҳод мегарданд.

Хулосаҳои Ҳукумати мамлакат ба лоиҳаҳои ду қонуни нав - «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ҳимоявии ғайридавлатӣ (хусусӣ) низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид.

Якчанд созишномаи ҳамкорӣ бо давлатҳои Туркия, Латвия ва Яман тасдиқ карда шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам ва дигар масъалаҳои муҳим ҷалб намуда, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520