Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати таҷлили зодрӯзи Мавлоно Чалолиддини Балхӣ

30.09.2009 09:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Инсон падидаи мӯъҷизавии ҳастӣ ва меҳвари низомҳои ақидатӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ буда, сират ва олами маънавии ӯ басо мураккаб ва рангин аст.

Парварандагони рӯҳ, маънавият ва камоли ҳақиқии инсон шахсоне ҳастанд, ки дар қалбҳои гарми ҳазорон одамон маъво мегиранд ва худ меъёри ормони воло, парвози андеша, рафтор ва амали солеҳ мегарданд.

Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин инсонҳо Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румист, ки асолату сирати накӯ ва зебои тоҷикона дорад ва ормонҳои волои ӯ дар қалби мардум реша давондаанд.

Бо дарназардошти хизматҳои таърихии ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва халқҳои ҷаҳон, нақши мероси адабию илмии ӯ дар тарбияи насли наврас дар рӯҳи хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суннати наве поягузорӣ гардид, ки он намунаи арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи миллат ва бузургони он мебошад.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш ба тасвиб расид, мо ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи ин мутафаккири барҷаста, орифи бузургро ҷашн мегирем.

Ҳарчанд ки Мавлонои Балхӣ, нисбат ба дигар шоирони номдор ба шеърнависӣ хеле баъдтар, дар айёми 30-солагиаш шурӯъ кардааст, вале беш аз 70 ҳазор мисраи шеърӣ эҷод карда, аз рӯи осори ба нашр расидааш яке аз сермаҳсултарин шоирони Машриқзамин маҳсуб мешавад.

Мавлоно, ки дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст, ба бисёр кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сафар карда, чандин забони мардумони ин минтақаро омӯхтааст.

Забони осори Мавлоно - забони қалби инсонҳост, ки барои ҳамаи халқияту миллатҳо фаҳмо мебошад.

Ин аст, ки ӯ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб ҳамчун яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирон маҳбубият пайдо кардааст ва эҷодиёташро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ, бо шавқу завқи беандоза қироат карда, аз он нерӯи маънавӣ мегиранд.

Воқеан ҳам ӯ шоир ва донишманде мебошад, ки мероси адабиаш тайи асрҳо дар хизмати инсоният қарор дорад. Аз ин нуқтаи назар шеъру андешаҳои фалсафии Мавлоно аз доираи аҳамияти миллӣ берун баромада, оламгир гардидааст.

Ҳарчанд аз замони зиндагӣ ва даргузашти Мавлоно ҳаштсад сол сипарӣ шудааст, ӯ имрӯз ҳам таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба худ ҷалб мекунад.

Ин аст, ки соли 2007-ум аз ҷониби ЮНЕСКО соли 800-солагии Мавлоно эълон шуд ва на танҳо дар мамлакати мо, балки дар бисёр кишварҳои олам ба таври пуршукӯҳ таҷлил гардид.

Чорабиниҳое, ки дар мамлакати мо ба ин муносибат гузаронида шуданд, дар қатори чандин ҷашнвораҳои дигар аз нав имкон доданд, ки мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем, барои дарки воқеияти ҷаҳони муосир аз таълимоти ӯ барои худ андешаҳои навро ҷустуҷӯ намоем ва ганҷинаи пурбори сухану маънии ӯро боз ҳам сермаҳсултар истифода намоем.

Эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Ашъору афкори ӯ маҳдуд ба як қавму миллат ва ё дину оин набуда, ба тамоми башарият нигаронида шудааст.

Андешаҳои Мавлоно дар доираи суннату анъанаҳои исломӣ ва ақидаҳои диниву фалсафӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқии бузургтарин шахсиятҳои тасаввуфи он давра ташаккул ёфтаанд ва дар онҳо таъсири мероси ақлонии он замон бараъло ба мушоҳида мерасад.

Ин мутафаккири барҷаста ҳамчунин аз мероси фалсафии Юнони қадим ва осори пурғановати мардумони дигар кишварҳо низ, ки онҳоро бо забони асл мутолиа мекард, хеле хуб огоҳ будааст. Аз ин рӯ, дар андешаҳои Мавлоно синтези ҷаҳонбинӣ ва фарҳангҳои гуногун ба назар мерасад.

Мавриди қайд аст, ки ба андешаҳои Мавлоно мутафаккирону олимони кишвару манотиқи дунё дар ҳар давру замон муроҷиат карда, аз он манфиат бурдаанд. Муҳаққиқон инъикоси афкори ӯро дар мероси ақлии чандин олимону файласуфони маъруфи Ғарб пайдо кардаанд.

Сабаби асосии дар кишварҳои гуногуни олам ба эҷодиёти Мавлоно рӯ овардани мардуми зиёд дар он аст, ки ӯ аксарияти масъалаҳои ҳаётан муҳимро воқеъбинона тафсир кардааст. Ин воқеъбинӣ ҳарчанд ки дар қолаби ирфонӣ инъикос ёфтааст, вале бо тарзи ҳаёт ва шароити таърихиву иҷтимоие, ки ин донишманд дар он тарбия ёфтааст, сахт алоқамандӣ дорад.

Андешаҳои зиёди ирфонии Мавлоно то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва аксарияти онҳо дархури ниёзмандӣ ва эҳтиёҷоти фикрию ахлоқии ҷаҳони муосир мебошанд.

Зеро ҷавҳари таълимоти ӯро омезиши ирфону ақлоният ва ахлоқу иҷтимоиёт дар масъалаҳои маърифат, тарбия ва ташаккули ахлоқи инсон, инчунин дигар омилҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мардум ташкил медиҳад.

Омили дигари шӯҳрату маҳбубияти Ҷалолиддини Балхӣ рӯҳи башардӯстонаи осори ӯ мебошад.

Мавлоно мардумони оламро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию ҳамфикрӣ даъват мекунад, дар байни миллатҳои гуногуни олам муҳаббату эҳтиром ва ҳамфикрию ҳамдилӣ эҷод менамояд, барои саодату хушбахтии насли башар ва бақои сайёра мекӯшад.

Мавзӯи ахлоқ ҷанбаи дигари эҷодиёти Мавлоно мебошад, ки аҳамияти хосаро дорост. Таълимоти ахлоқии ӯ саршори панду андарзҳо буда, озодии инсонро ҷавҳари ташаккул ва такомули шахсият мешуморад.

Дар осори ӯ аз умдатарин мавзӯъҳо то соддатарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ, аз қабили риояи одоби суханронӣ, эҳтироми падару модар, устоду муаллим, саъю талош дар корҳо, ҳадди худро шинохтан ва монанди инҳо баён шудаанд.

Бинобар ин гуфтаҳои бисёри Мавлоно, хусусан панду ҳикматҳои ӯ, ки ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд, имрӯз ҳамчун мақол садо медиҳанд ва вирди забони мардуманд, ба мисли: "Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад".

Дар осори Ҷалолиддини Балхӣ ақидаҳои озодандешӣ, тақвияти рӯҳи миллию ватандӯстӣ, ифтихору худогоҳӣ ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Мавлоно мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва дигар суханварони бузурги шеъру адаби тоҷику форс ба арзишҳои миллӣ, бахусус расму оин, паҳлавонону қаҳрамонони пешин, забони модарӣ, яъне забони тоҷикӣ ва монанди инҳо эҳтиром мегузошт ва онҳоро дар осораш ситоиш мекард.

Мавлоно адолатро ҳамчун яке аз категорияҳои асосии арзишҳои ахлоқии шахс маънидод мекунад. Дар баробари ин, ӯ мафҳумҳои сабр, таваккул, ҷасорат, ҷавонмардӣ ва накӯкориро баррасӣ намуда, бухлу ҳасад, тамаъкорӣ, сарватпарастӣ, муфтхӯриву ситамкорӣ ва ҷаҳолатро маҳкум менамояд.

Ӯ дар инсон чунин сифатҳои некро ба монанди ҳикматдӯстӣ, накӯкорӣ, хайрандешӣ ва донишандӯзиро мепарастад. Мавлоно инсонро пайваста ба фарогирии тамаддуну фарҳанги пешрафта даъват менамояд.

Умуман дунёи орову андешаи Мавлоно бисёр ғаниву пурвусъат буда, баёни аксари мавзӯъ ва матлабҳои ҳаёти инсониро фаро гирифтааст ва сар то по иборат аз арҷгузории инсон ва қудрату тавоноии ӯ, нақшу мақом ва мартабаи олии он мебошад.

Маҳз ҳамин ҷанбаҳои таълимоти Ҷалолиддин Балхӣ буданд, ки осори ӯ то ба имрӯз диққати олимону дӯстдорони ҳикматро ба худ ҷалб менамояд.

Зимнан бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ва хусусан, пас аз ҷашни 800 - солагии Мавлоно дар кишвари мо мавлавишиносӣ суръати тоза касб кард. Олимону донишмандони тоҷик доир ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаву китобҳои зиёде ба табъ расониданд. Дар як муддати кӯтоҳ «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва дигар осори ӯ аз чоп баромаданд.

Ба шарафи 800-солагии ин нобиғаи бузурги ҷаҳони андешаву сухан дар яке аз ноҳияҳои Вахшонзамин, ки маҳалли таваллуди шоир мебошад, муҷассамаи ӯ гузошта шуд ва ин ноҳия номи «Ҷалолиддини Румӣ» - ро гирифт.

Ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифтани зодрӯзи Мавлоно худ нишонаи возеҳи эҳтироми мо ба хизматҳои таърихии ӯ дар ҳаққи миллати худ ва аҳли башар буда, ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба гузаштагон, ҳикмати ниёгону андешаи бузургворон мебошад, ки моро аз дурии асрҳо имрӯз низ ҳидоят мекунанд.

Ин ҷашнвораро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик шодиву сурури идона таманно менамоям.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520