Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25.03.2021 09:27, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   25.03.2021

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни муаррифии ин марказ, ки аз 4 ошёна иборат аст, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” қомат афрохтааст.

Дар ошёнаи якуми бинои марказ дорухона ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Натиҷа ҳамин аст, ки сол то сол дар мамлакат коркард ва истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ ва ивазкунандаи воридот меафзояд. Аз ҷумла, тамоми маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббие, ки дар дорухонаи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ба фурӯш гузошта шудааст, сирф ватанӣ мебошанд.

Дар як қисми дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазору 500 намуд растаниҳои шифобахш мерӯянд ва барои коркарди онҳо дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барги зуф, испанд, қоқӯ, дӯлона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра номгӯйи нопурраи гиёҳҳои худрӯи шифобахши кишварро ташкил медиҳанд.

Се ошёнаи болоии Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобати дандон, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ, сокинони ҷамоати Навобод барои ташхис ва муоинаи баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун дар ин ҷо на танҳо ба сокинони ҷамоати мазкур, балки ба тамоми аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии хубу босифати тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар вақти корҳои сохтмонӣ дар иншоот коргарон аз ҳисоби сокинони ноҳия ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Инчунин дар бинои ҳамин марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи мазкур низ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 1 миллион баста докаи тиббӣ мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” бо дастгоҳҳои истеҳсолии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дорухона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маводи дорувории ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Роҳбарияти ҷамъият нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ карда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро низ ба роҳ монанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти тозабунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шоистаи таҳсин хонданд. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти ҷумҳурӣ имкон медиҳанд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ва бо дастовардҳои бузург таҷлил гардад.

Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шуда, ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Майдончаи варзишӣ дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ин майдонча дар заминаи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, дар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби онҳо мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520