Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ҷӯроби ҶДММ “Сомони Расул” дар шаҳри Бохтар

24.03.2021 10:11, шаҳри Бохтар
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроби ҶДММ “Сомони Расул” дар шаҳри Бохтар  24.03.2021

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли ҷӯроби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул”-ро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти сехи истеҳсоли дучарха шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ки бо таъсиси он 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.

Дар коргоҳи мазкур 20 адад дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Чехия ва Кореяи Ҷанубӣ насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ мебошад. Айни замон дар коргоҳи мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Маҳсулоти хом ба коргоҳ аз корхонаҳои ресандагии мамлакат дастрас карда шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи ин корхона ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул” нақша дорад, ки иқтидори истеҳсолии ҷӯробро афзоиш дода, дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти масҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул” дар сехи алоҳида истеҳсоли дучарха низ ба роҳ монда шудааст.

Ба таъкиди мутахассисон барои истеҳсоли дучарха аввалан қисмҳои эҳтиётӣ, ки асосан аз маҳсулоти оҳанӣ иборат аст, омода карда мешавад.

Ҷараёни истеҳсоли аксар қисмҳои дучарха бо истифода аз кафшер анҷом ёфта, мутахассисони касбӣ онро бо сифати баланд иҷро менамоянд ва аксари амалиёт дар ҷараёни истеҳсолот дастӣ сурат мегирад. Дар корхона барои сохтани қисмҳои дучарха дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.

Ба гуфтаи мутахассисон баъзе аз қисмҳои эҳтиётии дучархаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли дучархаҳои ҳаҷму андозаашон гуногун дар ин корхонаи навбунёд шинос шуда, ба сифати кор ва заҳмати кормандон баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона истеҳсолӣ беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва имкон аст, ки дар як моҳ 1000 адад дучарха истеҳсол гардад.

Бо дарназардошти он, ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба дучарха бештар шудааст, масъулони корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Дучархаҳои истеҳсолкардаи корхона ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520