Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Туркманистон

10.10.2009 19:00, Туркманистон

Рӯзҳои 9-ум ва 10-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон қарор дошт.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Туркменбошӣ, ки бо шиору овезаҳо оро ёфта, ҷузъутомҳои горди фахрӣ саф ороста буданд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Туркманистон бо эҳтироми хоса ва ҳусни ҳамсоягӣ истиқбол гирифтанд.

Қобили таъкид аст, ки ин сафари корӣ бо ҷараёни мулоқотҳо ва натиҷаҳояш хеле ба сафари расмӣ шабоҳат дошт, зеро сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои бонуфузи ду ҷониб баррасӣ намуданд ва 4 санади нави ҳамкорӣ ҳам ба имзо расид.

«Муносибот бо Туркменистони бародарӣ барои мо аҳамияти хоса дошт, дорад ва хоҳад дошт», - изҳор намуд зимни сӯҳбати хоса Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мутобиқат ва ё наздикии мавқеъҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ худ заминаи мусоиди сиёсӣ аст барои рушди робитаҳои судманди ду кишвар дар ҳама самтҳо.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар навбати худ посух дод, ки дар муносиботи Туркманистону Тоҷикистон боварии байниҳамдигарӣ, ҳусни ҳамсоягию тафоҳум ва дӯстию рафоқат ҳамеша мақоми хоса доранд.

Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд, аз ҷумла баҳри беҳтар намудани равобити нақлиётӣ, шароити рафтуомади шаҳрвандон, рушди тиҷорати дуҷониба, ва ғайра. Кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ҳамгироӣ баҳри истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии минтақа аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро даъват намуд, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ҳамкории ду кишвар соли оянда ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад. Даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо 4 санади зерин ба имзо расид:

- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ;

- Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон;

Зери Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов имзо гузошта, маросими имзои асноди ҳамкориро ҳусни анҷом бахшиданд.

Зимни сӯҳбатҳо ба таври возеҳу равшан таъкид гардид, ки дар ин сафар Тоҷикистону Туркманистон боз ҳам ба ҳам наздиктар шуданд.

Бегоҳии рӯзи 9 - уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар консерти бошукӯҳи идонаи ин кишвар, ки ба муносибати ифтитоҳи расмии минтақаи туристии Аваза дар соҳили баҳри Хазар бахшида шуда буд, иштирок намуданд.

Дар ин консерти бошукӯҳ, ки беш аз 2 соат идома ёфт, ҳамчунин як гурӯҳ аз аҳли санъати Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, дар таҳкиму густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар саҳми намоён гузоштанд.

Дар қатори шумораи зиёди аҳли санъати Туркманистон ҳамчунин як санъаткори туркмензабони Тоҷикистон Пенҷӣ Анаев низ, ки сокини ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон аст, бо медали тилло ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.

Субҳи рӯзи 10 - уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов бори дигар мулоқот намуда, аз гуфтушунидҳои идомаёфтаи ҳайатҳо натиҷагирӣ намуданд ва ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур доданд, ки баҳри дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои худро густариш диҳанд.

Дар охир ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки зимни сафари давлатии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон ҳамчунин рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

Бегоҳии рӯзи 10 - уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули корӣ аз шаҳри Туркменбошии Туркманистон ба Ватан омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520