Имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Дар чаҳорчӯбаи муколамаи доимии сиёсии байни ду кишвар сарварони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои вазъи муосир ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро бо дарназардошти таҳаввулоти дар вақтҳои охир рӯйдода баррасӣ намуданд.
Зимни гуфтугӯи Президентони ду кишвар як теъдод масоили минтақавию байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи онҳо қарор доштанд.