Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

30.12.2020 12:13

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода шуд.

Президентҳои ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Соли Нав самимона табрик намуданд.

Аз ҷумла Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Белорус осмони соф, субот ва рушди устувор таманно карданд.

Дар рафти суҳбат сарвари давлати мо қайд намуданд, ки ба шарофати саъю талошҳои ҷонибҳо муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамари стратегӣ минбаъд низ афзоиш хоҳанд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520