Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

30.12.2020 11:11, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти неки хеш ба мардумони тоҷику ӯзбек бурдборӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки сарфи назар аз мушкилоти воқеии соли равон, ҷонибҳо тавонистанд аксари тавофуқоти қаблан бадастомадаро амалӣ гардонанд.

Ба ин раванд аз бисёр ҷиҳат ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат намуд.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Артел Авесто Электроникс», ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон сохта шудааст, расман мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сарвари давлат ҳамкории зичи тарафҳоро дар шароити паҳншавии пандемияи КОВИД-19 махсусан таъкид намуда, дар ин робита ба иқдомҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон нисбат ба кишвари мо ҳамчун шакли олии ифодаи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва дастгирии ҳамдигар, ки таърихан хосси муносибатҳои ду халқ мебошанд, баҳои баланд доданд. 

Дар охир ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар бобати таҳким бахшидани ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои дарозмуддату бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ иброз намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520