Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.10.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он наздики 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 маъқул дониста шуд.

Мутобиқи ин санад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2010 бо нархҳои дурнамо ба андозаи 24 миллиарду 500 миллион сомонӣ ва барои солҳои 2011 ва 2012 мутаносибан 29 миллиарду 400 миллион ва 35 миллиарду 280 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Суръати рушди иқтисодиёт бо нархҳои муқоисавӣ барои солҳои 2010, 2011 ва 2012 мутаносибан ба андозаи 5%, 6,5 ва 7% пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд ба 21,2 миллиард сомонӣ расад ва суръати солонаи афзоиш 3% ва таваррум 8% - ро ташкил диҳад.

Сипас Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 ва Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Тибқи барномаи якум майдони кишти пахта то соли 2014 дар ҳаҷми 200 ҳазор гектар нигоҳ дошта мешавад ва ҳосилнокии миёнаи он бо истифода аз агротехникаи пешқадам ва такмили системаи обёриву мелиоративӣ то 30 сентнерӣ аз ҳар гектар бояд расонда шавад. Чунин ҳаҷми истеҳсолот ҳамчунин метавонад эҳтиёҷоти барномаи коркарди пурраи пахтаи Тоҷикистонро, ки барои давраи то соли 2015 қабул шудааст, таъмин намояд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим оид ба рафти иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хорӯғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва Роштқалъа рӯзҳои 18-20 - уми моҳи июли соли 2008 дода шуда буданд, ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 61 банди нақшаи мазкур 10 – тоаш то имрӯз пурра иҷро шудааст ва татбиқи амалии дигар бандҳо муташаккилона идома дорад. Ҳоло мутобиқи ин нақша дар вилоят 131 адад иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла мактабу литсей, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ, варзишгоҳҳо, биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва ғайра бунёд меёбанд, ки маблағи умумии сохтмони онҳо 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша танҳо соли 2009 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 31 мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки сохтмони 20 тоаш аллакай бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ба итмом расидааст.

Ғайр аз ин дар қаламрави вилояти мазкур бо маблағи зиёда аз 130 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мешаванд, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба рушди рӯзмарраи минтақаҳои Кӯҳистони Бадахшон мусоидат намуда, боиси болоравии некуаҳволии мардум мегардад.

Танҳо соли равон дар вилоят 265 гектар заминҳои нав аз худ карда мешаванд ва минбаъд мутобиқи нақшаи мазкур ҳар сол на камтар аз 300 гектар заминҳои ташналаб шодоб мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншоот, тезондани навсозии роҳҳои мошингарди шаҳри Хорӯғ, таҷдиди варзишгоҳи марказии он, омода кардани лоиҳаи нерӯгоҳи обии Санобод, бунёди корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, пашму пӯст, меваю сабзавот ва умуман иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин ҳисоботи Раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Ҷабор Самадов оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Айнӣ шунида шуд.

Хотиррасон гардид, ки рӯзҳои 21 ва 22 - апрел ва 14 - майи соли равон дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар ин ҷо 132 хона пурра ва 97 - тои дигар қисман хароб гашта, 340 оила ё худ 1667 нафар бе сарпаноҳ монда буданд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани супоришҳои ғамхоранаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 оила бо хонаи нав ва тамоми ашёи рӯзгор ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Ба 491 оилаи дигар барои сохтмони манзил замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Аз инҳо 312 оила ҳамчунин ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуданд. Хулоса гардид, ки дар зимистони пешомад ҳеҷ яке аз ин оилаҳои зарардида бесарпаноҳ намемонанд. Маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ низ таъмин гаштаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти аҳолии зарардида ва тезондани сохтмони мактаби нави маҳалла ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Қарорҳои Ҳукумати мамлакат оид ба номгузории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Шириншо Шотемур ва доир ба таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Дар охири маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки то охири соли равон саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун барои ҷалби сармоягузорӣ ба сохтмони он омода карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба ҷашни солгарди 15 - уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодани филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пӯлод ва хуллаи шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина дар Тоҷикистон, ба масъалаи пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва ба татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520