Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Қабодиён, Бохтар, Шаҳритус, Ҷалолиддини Румӣ, Хуросон, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷиликӯл ва Носири Хусрав

16.11.2009 15:00

Субҳи имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Қабодиён, Бохтар, Шаҳритус, Ҷалолиддини Румӣ, Хуросон, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷиликӯл ва Носири Хусрав телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», пеш аз ҳама оиди пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва ба иҷрои буҷети давлатӣ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раиси вилояти Хатолон ва раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта ва кӯмак ба деҳқонон вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар ин роҳ аз обу ҳавои мусоид ва тамоми имкони захираҳои мавҷуда ба хубӣ истифода баранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520