Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


аз 18 ноябри 2009 с ш. Душанбе № 635

Дар бораи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ»



Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ» барҳам дода шавад.
2) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро оид ба барҳам додани Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ» таъсис диҳанд.
3) Комиссияи барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ барҳамдиҳии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ»-ро анҷом диҳад.
4) Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 «Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, калимаҳои Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ» хориҷ карда шаванд.
5) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди сохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас ирсол намояд.


Раиси
Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520