Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳамрализода Ф.М.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№46

 

 

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   кор мекунад.

Соли таваллуд  25 январи соли 1966                Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе                                                                              

Миллат   тоҷик                                                         Маълумот   олӣ

соли 1991 Донишгоҳи давлатии техникии Москваро хатм кардааст.

Ихтисос   муҳандис-механик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, англисӣ 

Вакили халқ ҳаст ё не                нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли соли 2011 медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1985

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1991

Донишҷӯи Донишгоҳи  давлатии техникии Москва

Солҳои 1991-1992

Мутахассиси категорияи II, I шӯъбаи антимонополӣ ва ривоҷи бизнеси хурди Кумитаи давлатии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1992-1993

Мутахассиси категорияи I шӯъбаи сиёсати антимонополӣ ва ривоҷи соҳибкории Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1993-1994

Сармутахассиси шӯъбаи ислоҳоти иқтисодии ва ривоҷи инфраструктураи бозоргонӣ, сиёсати антимонополӣ ва ривоҷи соҳибкории Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1994-1995

Ҷонишини сардори шӯъбаи сиёсати муътадилкунии Вазорати иқтисод ва дурнамоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996

Ҷонишини сардори шӯъбаи ислоҳоти иқтисодии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1999

Сардори Раёсати дурбинӣ ва тараққиёти минтақаҳо, мудири идораи умумии дурбинӣ ва тараққиёти минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1999-2000

Мутахассис оид ба хариди Маркази идораи лоиҳаи қарз дар соҳаи маориф, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2005

Муовини  директор, директори Маркази идораи лоиҳаи қарз дар соҳаи маориф, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2007

Сардори Раёсати инвеститсияҳои хориҷӣ, Сардори Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва иттилооти маҷмӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2008

Мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2009

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2012

Вазири рушди иқтисод ва  савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2014

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ 

Солҳои 2014-2017

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Солҳои 2017-2018

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2020

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520