Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии амнияти
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ятимов С.С.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ятимов Саймумин Сатторович Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№44

 

 

ЯТИМОВ  Саймумин Сатторович

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  23 июли соли 1955                Ҷои таваллуд  ноҳияи Фархор

Миллат   тоҷик                                                  Маълумот            олӣ

соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб,

соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос   муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои сиёсӣ

Рутба соли 2011 Генерал-лейтенант, генерал-полковник (2017)

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не      нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2002 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1972-1976

Донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб

Солҳои 1976-1977

Муаллими мактаби миёнаи № 15 ноҳияи Фархор

08-11 соли 1977

Муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №58 ноҳияи Фархор

Солҳои 1977-1979

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС

09-12 соли 1979

Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор

01-12 соли 1980

Курсанти курсҳои олии КАД ИРСС, шаҳри Минск Беларус

Солҳои 1981-1985

Корманди фаврӣ, корманди калони оперативии идораи КАД Тоҷикистон дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ

Солҳои 1985-1989

Корманди калони оперативии дастгоҳи марказии КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1989-1991

Муовини сардори шӯъбаи КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991-1992

Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Шурообод (РКВД ҶШСТ дар вилояти Кӯлоб)

Солҳои 1992-1994

Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Москва

Солҳои 1994-1996

Муовини сардори идораи кадрҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1997

Сафир оид ба корҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2000

Мушовири сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2002

Сардори Раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2002-2005

Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2007

Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2009

Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC –Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия

Солҳои 2009-2010

Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ,   ECSC – Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия

05-09 соли 2010

Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2013

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2020

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520