ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумъа Д.Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Ҷумъа Далер Шофақир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№43
Ҷумъа Далер Шофақир
аз 03 ноябри соли 2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд соли 1973 Ҷои таваллуд шаҳри Хоруғ
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон,
соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ,
соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА,
соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро хатм кардааст.
Ихтисос муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодчӣ - муҳосиб, идоракунии бизнес лоиҳаҳо, идоракунии бизнеси байналмилалӣ.
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ ва англисӣ
Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не Вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати сеюм ва чорум ва шашум дар солҳои 2005-2010 ва 2010-2015, 2020-2025
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2019 Медали «Хизмати шоиста»
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби чор фарзанд
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1995-1997 |
Муҳандиси Институти илмӣ-тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект» |
Солҳои 1997-2002 |
Сардори Раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон |
Солҳои 2002-2003 |
Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Шветсария |
Солҳои 2003–2004 |
Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004–2005 |
Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA; |
05.2006 – 08.2006 |
Мутахассиси шӯъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА; |
Солҳои 2006–2007 |
Роҳбари ташкилоти Фокуси кӯмак дар Тоҷикистон, Аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ; |
Аз апрели соли 2007 |
Директори генералии ҶСШК «Помир Энерҷӣ», роҳбари регионалии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон |