Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Давлатзода З.Д.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Давлатзода Зулфия Давлат Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№42

 

 

ДАВЛАТЗОДА  Зулфия Давлат   

аз 03 ноябри соли 2020  дар вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд  13  марти  соли  1974                    Ҷои таваллуд  шаҳри Хоруғ  

Миллат    тоҷик                                                          Таҳсилот  олӣ

Соли 1997  Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм кардааст

Ихтисос   филологияи шарқ

Унвони илмӣ  надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудаст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991 – 1992

Назоратчии маҳсулоти заводи нони шаҳри Хоруғ

Солҳои 1992 – 1997  

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ

Солҳои 1997 – 2007  

Хабарнигори идораи телевизион ва радиои ВМКБ, шаҳри Хоруғ   

Солҳои 2007 – 2008  

Сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ, шаҳри Хоруғ

Солҳои 2008 – 2014

Сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ, шаҳри Хоруғ      

Солҳои 2014-2015

Директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ»

Солҳои 2015-2019

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2019-2020

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

01-11 соли 2020

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520