Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Кабир Шералӣ



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Кабир Шералӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№40

 

 

КАБИР  Шералӣ

аз 3 ноябри соли 2020 дар вазифаи   Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   22 ноябри соли 1971      Ҷои таваллуд   ноҳияи Дарвоз

Миллат     тоҷик                                         Маълумот      олӣ

соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски Федератсияи Россия,
соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос  иқтисодчӣ-менеҷер, иқтисодчӣ,

Унвони илмӣ    номзади илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не

Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд        

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1994

Муовини директори ҶС «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1998

Ноиби Президент оиди тиҷорати ҶС «Тенис», шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2000

Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2003

Сардори Раёсати  савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2004

Сардори Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Муовини Раиси ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2015

Муовини якуми директори КВД «Ширкати Алюминии Тоҷикистон», шаҳри Турсунзода

Солҳои 2015-2020

Раиси Шурои директорони КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», шаҳри Турсунзода

аз 3 ноябри соли 2020 то имрӯз

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520