Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири рушди иқтисод
ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Завқизода З.А.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Завқизода Завқӣ Амин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№39

 

 

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин     

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   17 майи соли 1972             Ҷои таваллуд  ноҳияи Ҳамадонӣ

Миллат   тоҷик                                              Маълумот       олӣ

соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст

соли 2001 Донишгоҳи миллии Австралия (магистри рушди иқтисодӣ),

соли 2006 Донишгоҳи миллии Австралия (доктори илмҳои иқтисодӣ)

Ихтисос  баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ,

                 магистри рушди иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  соли 2016 Медали хизмати шоиста

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1990-1995

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1996

Иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1997

Иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 1997-2002

Сариқтисодчӣ, сардори шӯъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи монетарии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2003-2006

Докторант ва муаллими Донишгоҳи миллии Австралия

Солҳои 2006-2007

Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2011

Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмиллалии Асъор (Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур)

Солҳои 2011-2014

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ                                                                  

Солҳои 2014-2017

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Солҳои 2017-2020

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ

01-11 соли 2020

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520