Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

03.11.2020 18:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.

Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву таслияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520