Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои сиёсӣ - машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбой

29.11.2009 19:00, шаҳри Гулистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Шӯрои сиёсӣ - машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбойро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, пеш аз ҳама энергетика баррасӣ шуд.

Гуфтӯйи судманд оид ба нақшаҳои муштараки сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод - 1, Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, зеристгоҳи 500 киловолтаи Роғун ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Роғун - Душанбе ва Хуҷанд - Айнӣ сурат гирифт.

Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, робитаҳои иқтисодии ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520