Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

03.11.2020 18:30, шаҳри Душанбе

3 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари ҳамсоя дар робита ба амалҳои фоҷеабори террористӣ дар Афғонистон, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, изҳори амиқи тасаллият карданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамагуна амалҳои ғайриинсонии террористонро шадидан маҳкум менамоем ва изҳори итминон карданд, ки чунин амалкардҳои гурӯҳҳои ифротӣ қадамҳои қотеонаи мардуми шарифи Афғонистонро дар роҳи бунёди сулҳу суботи пойдор дар кишвар ва таъмини рушду пешрафти он халалдор нахоҳанд кард.

Дар ин зимн Президенти мамлакат аз раванди музокироти сулҳи  байниафғонӣ истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро оид ба пуштибонӣ аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми ин кишвари дӯст ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии мамлакат баён доштанд.

Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятӣ ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, решакан кардани ҳамагуна зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули афкор карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520