Бегоҳии рӯзи 26 - уми ноябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев оид ба маҷмӯи масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.