Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонзода У.Ю.




Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№29

 

 

 

УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  13 сентябри соли 1959            Ҷои таваллуд  шаҳри Ваҳдат

Миллат   тоҷик                                                 Маълумот  олӣ,

соли 1982 Донишгоҳи техникии  Тоҷикистонро хатм кардааст.   

Ихтисос     муҳандис-электрик,    номзади илмҳои техникӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ,  англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не       нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  - соли 2012  ордени Шараф дараҷаи II


Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1977-1982 

Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Солҳои 1982-1985

Муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор» Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 

Солҳои 1985-1988

Аспиранти институти энергетикии шаҳри Москва

Солҳои 1988-1990

Ассистент, муаллими калони кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 

Солҳои 1990-1996

Дотсенти кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ», муовини декани факултаи энергетики Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Солҳои 1997-1999

Директори Хадамоти назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

Солҳои 1999-2001

Муовини директори генералии назорати давлатии барқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2001-2003

Сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2003-2009

Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»

Солҳои 2009-2013

Директори  Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»

Солҳои 2013-2020

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520